Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо аз Бағдод, дар иттилоияи сухангӯи нахуствазири Ироқ зимни маҳкум кардани амалиёти низомии Амрико ҳамчунин изҳороти амрикоиҳо, ки гуфта буданд қабл аз анҷоми ҳамла ба давлати Ироқ иттилоъ додаанд низ дуруғ ва беасос эълом шудааст.
Сухангӯи давлати Ироқ бо таъкид бар инки амрикоиҳо ҳокимияти Ироқро поймол карданд, афзуд: Намехоҳем сарзамини Ироқ ва ҳокимияти ин кишвар ба маконе барои тасфияи ҳисобҳои минтақаӣ ва байналмиллалӣ бадал шавад.
342/